Шаҳодатнома ва иҷозатнома

Дар асоси банди 1, моддаи сеюми  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21.07.2010, №629 «Дар бораи Парки технологӣ»ҳамчун шахси ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ аз тарафи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ (ДТТ ба номи акад. М.С. Осимӣ) бо Қарори Шӯрои олимони донишгоҳ (№10 аз 6 июли соли 2012) ташкил дода шудааст ва мутобиқи моддаи 8, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши Раёсати ташкили бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии ноҳияи Сино, 4 октябри соли 2012 ба қайди давлатӣ гирифта шуда, дар Нозироти андози ноҳияи Сино аз қайди баҳисобгирӣ гузаронида шудааст.
Парки технологӣ баҳри пешбурди фаъолият тибқи ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқии амалкунанда ва Оинномаи худ барои барои намудҳои фаъолияте, ки бояд мавриди литсензиякунонии давлатӣ қарор дода шаванд, литсензияҳо (иҷозатномаҳо) гирифт    а истодааст.