ПАРКИ ТЕХНОЛОГИИ ДОНИШГОҲИ ТЕХНИКИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ АКАДЕМИК М.С. ОСИМӢ

Дар асоси банди 1, моддаи сеюми  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21.07.2010, №629 «Дар бораи Парки технологӣ»ҳамчун шахси ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ аз тарафи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ (ДТТ ба номи акад. М.С. Осимӣ) бо Қарори Шӯрои олимони донишгоҳ (№10 аз 6 июли соли 2012) ташкил дода шудааст ва мутобиқи моддаи 8, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши Раёсати ташкили бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии ноҳияи Сино, 4 октябри соли 2012 ба қайди давлатӣ гирифта шуда, дар Нозироти андози ноҳияи Сино аз қайди баҳисобгирӣ гузаронида шудааст.

Парки технологӣ баҳри пешбурди фаъолият тибқи ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқии амалкунанда ва Оинномаи худ барои барои намудҳои фаъолияте, ки бояд мавриди литсензиякунонии давлатӣ қарор дода шаванд, литсензияҳо (иҷозатномаҳо) гирифта истодааст. Аз ҷумла барои пешбурди фаъолияти таълимӣ, илмӣ-истеҳсолӣ дар соҳаи таҳқиқоти илмӣ, технологӣ ва инноватсионӣ аз рӯи самтҳои асосии фаъолият, бо назардошти тадбиқи барнома ва лоиҳаҳои инноватсионӣ аз тарафи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Иҷозатнома (АУ №0001220 аз 22 феврали соли 2013, №1665) дода шудааст.

Инчунин аз тарафи Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар сохаи нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Парки технологӣ Иҷозатнома (ҶТ №0010915 аз 16 майи соли 2013) баҳри пешбурди фаъолияти инноватсионӣ дар соҳаи   ташхис, нигоҳубини техникӣ ва таъмири нақлиёти автомобилӣ дода шуд.

Бо иштироки парки технологии донишгоҳ “Низомномаи Комиссияи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар назди Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳия шуда буд ва он аз тарафи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидаст.

Барои гузаронидани озмун аз тарафи Парки технологии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ  аз тарафи Шӯрои Олимони донишгоҳ (№1 аз 29 сентябри соли 2014) “НИЗОМНОМА оид ба гузаронидани озмуни ихтироъкорон ва навоварони ҷавон”  қабул гардидаст.