Ҷамъбасти озмуни ихтироъкорон ва навоварон

Рӯзи 25 ноябри соли 2015 ҷамъбасти озмуни ихтироъкорони ҷавон, ки аз тарафи парки технологии донишгоҳ эълон гардида буд, баргузор гардид. Дар озмун нафар донишҷӯ аз факултетҳои мухталифи донишгоҳ фаъолона ширкат варзиданд.

Баъди аз назар гузаронидани корҳои пешниҳодшуда ва баромади иштирокчиён аз тарафи ҳайати ҳакамон бо сардории ректори донишгоҳ профессор Одинаев Ҳайдар Одинаевич барои фаъолияти илмиву эҷодӣ ва ихтироъкориву инноватсионӣ ва иштироки фаъолона дар озмун бахшида ба ба Рӯзи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тарафи Парки технологии донишгоҳ ташкил карда шуда буд, донишҷӯёни зерин сарфароз гардонида шуданд:

  1. Донишҷӯи курси 3, гуруҳи 1-370105, факултети Нақлиёт Наҷбудинов Саидакбар сазовори ҷойи якум бо додани мукофотпулӣ дар ҳаҷми 1000 сомонӣ ва сарфароз гардонидан бо ИФТИХОРНОМА.
  2. Донишҷӯи курси 1, гуруҳи 1-530102б, факултети Технологияи иттилоотӣ ва комуникатсионӣ Баратов Акрам Одилович– сазовори ҷойи дуюм бо додани мукофотпулӣ дар ҳаҷми 800 сомонӣ ва сарфароз гардонидан бо ИФТИХОРНОМА.
  3. Донишҷӯи курси 3, гуруҳи 1-390101, факултети энергетикӣ Қаюмов Самандар –сазовори ҷойи сеюм бо додани мукофотпулӣ дар ҳаҷми 600 сомонӣ ва сарфароз гардонидан бо ИФТИХОРНОМА.
  4. Иштирокчиёни зерин барои иштироки фаъолона дар озмун бо РАҲМАТНОМА ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шаванд.
—   Ҳомидов Фируз – курси 1, гуруҳи 1-450103-02Б, факултети ТИ ва К;
—   Мирзоев Муҳаммад – курси 4, гуруҳи 1-390101, факултети энергетикӣ;
—   Мамадов Мамад – курси 3, гуруҳи 1-370401, факултети Нақлиёт;
—   Некроев Шукруллоҳ – курси 4, гуруҳи 1-700301-01, факултети И ва СН;
—   Бобоев Исматулло – курси 3, гуруҳи 1-390101, факултети энергетикӣ;
—   Қурбонова Ҳумоюнбону – курси 2, гуруҳи 1-260203-23, факултети И ва СН;
—   Абдукарим.Абдуҳамидзода  ва Қодиров Муҳаммадҷон – курси 4, гуруҳи 1-530101, факултети ТИ ва К;
—   Мирзоев Саидҷаъфар – курси 4, гуруҳи 1-700301-01, факултети И ва СН;
—   Абдуллоев Сиёвуш – курси 4, гуруҳи 1-370205, факултети И ва СН.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *